Мансаби нави Бахтиёр Лангариев дар Вазорати мудофиа

Бахтиёр Лангариев – бародари Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, сардори яке аз шӯъбаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд. Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки полковник Бахтиёр Лангариев сардори яке аз шуъбаҳои Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои  Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, Лангариев ба […]

ASIA-Plus



Бахтиёр Лангариев – бародари Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, сардори яке аз шӯъбаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.

Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки полковник Бахтиёр Лангариев сардори яке аз шуъбаҳои Раёсати ташкилӣ ва сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои  Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Лангариев ба ин вазифа ҳанӯз ахири моҳи феврал таъин шуда, пеш аз таъинот дар мавриди доғи судӣ доштан ва даст доштан ба ҷиноятҳо мавриди санҷиш қарор гирифтаааст ва маълум шудааст, ки ӯ ба ин корҳо даст надорад.

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки мансабе, ки ба он Лангариев таъин шудааст, маъмулан ба рутбаи майор баробарӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки Бахтиёр Лангариев, яке аз бародарони маъруф миёни Лангариевҳо, полковники милитсия, собиқ фармондеҳи Дастаи махсуси зудамал пас аз 7 сол моҳи октябри соли гузашта ба Тоҷикистон баргашт. То замони тарки Тоҷикистон дар соли 2008 ӯ ба ҳайси роҳбари шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Пас аз рӯйдодҳои соли 2008 дар Кӯлоб, ки ба бародари хурдии Лангариевҳо – Суҳроб Лангариев марбут буд, Бахтиёр Лангариев Тоҷикистонро тарк кард. Наздикону атрофиёнаш изҳор дошта буданд, ки Бахтиёр дар кишварҳои ИДМ ва Амороти Муттаҳидаи Араб қарор дошта, ба тиҷорат машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.