Вакилон бори дигар зарурати қабули тағйирот ба Конститсияро шарҳ медиҳанд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 25 апрел то 5 май дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо барпо мекунанд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳо вакилон ба интихобкунандагон дар бораи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҶТ ва зарурати қабули онҳо дар […]

ASIA-Plus



Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 25 апрел то 5 май дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо барпо мекунанд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳо вакилон ба интихобкунандагон дар бораи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҶТ ва зарурати қабули онҳо дар шароити ҳозираи рушди кишвар маълумот медиҳанд.

Вакилони парлумон ҳамчунин аз аҳолӣ даъват ба амал хоҳанд овард, то ки дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзанд.

Дар ҷараёни сафар вакилон ҳамзамон бо вазъи иқтисодву иҷтимоӣ дар минтақаҳо ва мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ аз наздик ошно гардида, сокинони ҷумҳуриро аз фаъолияти парлумон ва ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихобтии худ огоҳ месозанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вакилони палатаи поёнии парлумон аз 16 то 26 феврал бо интихобкунандагони худ дар минтакаҳо вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо мазмуну муҳтавои тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияро шарҳ дода буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.