Дар 3 моҳ ҳаҷми муомилоти мол қариб 10% кам шуд

Семоҳаи аввали соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 874,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 9,5% ё худ 92 млн. доллар камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 480,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми содироти […]

ASIA-Plus



Семоҳаи аввали соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 874,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 9,5% ё худ 92 млн. доллар камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 480,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 196,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 17,6 млн. доллари ИМА ё худ 8,2% камтар аст.

Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 677,3 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 9,9% ё худ 74,4 млн. долллари ИМА камтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 91 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (беш аз 215 млн. $), Русия (ҳудуди 214 млн. $), Қазоқистон (наздики 140 млн. $), Туркия (зиёда аз 85 млн. $) ва Эрон (беш аз 26 млн. $) дониста шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.