Даргузашти ҳамсари Ҳамрохон Зарифӣ дар Ню-Йорк

Қадрия Зарифӣ, ҳамсари собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ рӯзи 21 апрел дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт. Собиқ ҳамкорони Ҳамрохон Зарифӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Марҳум Қадрия Зарифӣ ба ин шаҳри ИМА барои дидорбинии духтараш рафтааст, ки дар он ҷо иқомат дорад. Шоми имрӯз […]

ASIA-Plus



Қадрия Зарифӣ, ҳамсари собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ рӯзи 21 апрел дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт.

Собиқ ҳамкорони Ҳамрохон Зарифӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Марҳум Қадрия Зарифӣ ба ин шаҳри ИМА барои дидорбинии духтараш рафтааст, ки дар он ҷо иқомат дорад.

Шоми имрӯз бо хатсайри транзити тавассути шаҳри Дубай ба Душанбе интиқол додани ҷасади марҳум дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Япония ифои вазифа мекунад. Давоми солҳои 2006-2013 ӯ вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, ҳамчунин дар вазифаҳои сафири Тоҷикистон дар Маҷористон (Венгрия), Швейтсария, Австрия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кор кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.