Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар Ёвон

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар ин ноҳия ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти

корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ

дар ин ноҳия ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад.

Гуфта мешавад, дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил  медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки қаблан сарвари давлат дар саҳни ҳавлии ин корхона барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.

Барои сохтмони ин ду корхона аз ҳисоби сармояи ҶДММ Ғаюр 150 миллион сомонӣ ҷудо гардида, иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.