Дар Сурия як ифротгарои тоҷик кушта шуд

Артиши Сурия беш аз 75 тан аз ҷангиёни созмони террористии ба ном Давлати исломӣ, аз ҷумла як фармондеҳ, зодаи Тоҷикистонро нобуд кардааст. Бино ба иттилои хабаргузории Free News, нимаи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Дайр-уз-Зор воҳидҳои гурӯҳи десантии гвардияи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии нерӯҳои мудофиаи миллӣ дар ҷараёни задухӯрди шадид бо террористони Давлати исломӣ мавзеи Ас-Синъаро озод […]

ASIA-Plus



Артиши Сурия беш аз 75 тан аз ҷангиёни созмони террористии ба ном Давлати исломӣ, аз ҷумла як фармондеҳ, зодаи Тоҷикистонро нобуд кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Free News, нимаи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Дайр-уз-Зор воҳидҳои гурӯҳи десантии гвардияи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии нерӯҳои мудофиаи миллӣ дар ҷараёни задухӯрди шадид бо террористони Давлати исломӣ мавзеи Ас-Синъаро озод намуда, ҳамчунин зимни амалиёти махсус 75 нафар ҷангиён, аз ҷумла як фармондеҳи сахроии аз Тоҷикистон ба Сурия омадаро куштаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба сарчашмаҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар Сурия

Анӯшервон Азимов

, сокини 26-солаи шаҳри Норак кушта шудааст, ки зиёда аз 100 нафар ҳамдиёронашро ба сафҳои Давлат исломӣ ҷалб кардааст.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон, айни замон беш аз 1000 нафар сокинони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ қарор дошта, дар даргириҳои Ироқу Сурия меҷанганд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.