Аз оғози сол ММД Тоҷикистон 6,5% афзуд

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон семоҳаи аввали соли ҷорӣ 9 млрд. 332 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,5% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 22% – ба ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон семоҳаи аввали соли ҷорӣ 9 млрд. 332 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 22% – ба ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо рост меояд.

Дар сохтори ММД ҳиссаи саноат бо шумули энергетика – 17,4%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 15,1% ва андозҳо – 14,2%-ро ташкил дода, ҳиссаи сохтмон аз 8,8%-и соли гузашта то 8,1% поин рафтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи то 7% пешбинӣ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6% афзуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.