Тоҷикистон Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқтимро ба имзо расонид

Ахири ҳафтаи сипаришуда Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Маросими баимзорасонии Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, иштирок намуда, Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими мазкур 175 кишвари узви СММ […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Маросими баимзорасонии Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, иштирок намуда, Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими мазкур 175 кишвари узви СММ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони соҳавӣ ширкат варзида, санади мазкуро ба имзо расониданд. Лозим ба таъкид аст, ки аз он 14 кишвар аллакай он санадро тасдиқ намудаанд.

Дар ин маросим Сирoҷиддин Аслов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, яке аз ҷаласаҳои маросими мазкурро ҳамраисӣ намуд ва дар рафти суханронии худ аз афзоиши таъсири тағйироти иқлим ба муҳити зист ва вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва минтақа ёдовар гардида, роҳандозии табдирҳои мутобиқгардониро, ки ҷузъи асосии рушди устувор мебошанд, муҳим арзёбӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин зикр кард, ки айни замон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор доранд ва зимни татбиқи ин ҳуҷҷатҳо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба инобат гирифта хоҳанд шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.