Далелҳои Вазорати фарҳанг оид ба кӯчонидани театри Маяковский

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон изҳор медорад, ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба макони нав – кинотеатри «Тоҷикистон» кӯчонида мешавад. Дар изҳороти худ Вазорати фарҳанг далел меорад, ки ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст […]

ASIA-Plus



Вазорати фарҳанги Тоҷикистон изҳор медорад, ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба макони нав – кинотеатри «Тоҷикистон» кӯчонида мешавад.

Дар изҳороти худ Вазорати фарҳанг далел меорад, ки ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст аст, кӯчонида мешавад ва фаъолияташро идома мебахшад.

«Доир ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои дахлдор супоришҳои мушаххас гирифтанд ва дар муҳлати кутоҳтарин чораҷӯӣ карда мешаванд. Дар ин замина вобаста ба тақозои фаъолияти театр корҳои мутобиқатсозӣ, насби таҷҳизоти техникӣ дар саҳна ва толор, ҷобаҷогузории декоратсия, таъмиру тармими утоқҳои корӣ аллакай оғоз гардид», – қайд мешавад дар изҳорот.

Дар ин робита, қайд мекунад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳангомаҳое, ки дар баъзе сомонаҳо интишор гардидаанд, ягон асосӣ воқеӣ надошта, фаъолияти театри русӣ дар пойтахти кишвар дар ҷои нав идома меёбад.

Ҳамчунин далели дигар оварда мешавад, ки тибқи нақшаи бозсозии маркази пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи умумии рушди Душанбе, тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, бунёди иморатҳои муосир пешбинӣ шудааст.

«Пойтахти кишвар рӯз ба рӯз симояшро тағйир дода, дар он биноҳои муосир қад меафзоянд ва ба ҳусни табиии он ҳусни тоза зам мекунанд. Дар баробари ин бисёре аз иншоотҳои кӯҳна, ки ба меъмории имрӯза комилан мувофиқ нестанд, аз байн бардошта мешавад. Тибқи лоиҳаи генералӣ  дар маркази шаҳр бунёди биноҳои маъмурии муосир пешбинӣ гардидааст. Дар ин раванд зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский низ ба миён омадааст», – гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати фарҳанг.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар робита ба кӯчонидани бинои ягона театри русӣ дар пойтахт, чанде аз сокинон ва кормандони эҷодии театр ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, аз ҷумла дар

муроҷиати гурӯҳи ҳунармандони театр

зикр гардида буд, ки бо ин амал театр ба марг маҳкум мешавад, зеро кӯчидан ба кинотеатри «Тоҷикистон», ба як канораи шаҳр

ба марги театр баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.