Сокини пойтахт барои нияти пайвастан ба сафҳои ДИ маҳкум шуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини пойтахт Насим Хушвахтовро ба гумони пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) ба итмом расонид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, бо ҳалномаи суди ноҳияи Исомили Сомонӣ шаҳрванди номбурда аз рӯи қисми 3 моддаи 32 – моддаи 401. 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ба […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини пойтахт Насим Хушвахтовро ба гумони пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) ба итмом расонид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, бо ҳалномаи суди ноҳияи Исомили Сомонӣ шаҳрванди номбурда аз рӯи қисми 3 моддаи 32 – моддаи 401.

1

Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда моҳи марти соли гузашта муҳоҷират ба Русияро ихтиёр намуда, моҳи октябри ҳамин сол дар Маскав ҳамроҳ бо писари тағояш Заробиддини Раҳматуллозода дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо аъзои гурӯҳи террористӣ бо номҳои “Ахи” ва “Мусаб” мукотиба намуда, даъвати онҳоро оид ба иштирок дар гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ”қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.

Сипас, ӯ бо мақсади аъзои ин гурӯҳи террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия иштирок намудан, 3 феврали соли 2016  тавассути хатсайри Москва – Истамбул ба давлати Туркия парвоз карданӣ шуда, аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Федератсияи Россия дастгир ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.