Беш аз 11 млн. $ кумаки башардӯстона дар 3 моҳ

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 11,4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 6,2 ҳазор тонна аз 32 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи […]

ASIA-Plus



Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 11,4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 6,2 ҳазор тонна аз 32 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (36,1%), Русия (19%), Покистон (11,2%), Ҳиндустон (8,7%), , Дания (4,5%), Туркия (3,4%), Озарбойҷон (3,3%), Франсия (3%), Таиланд (2,3%), Нидерланд (2%), ИМА (1,9%) ва Ҷумҳурии Корея (0,9%) рост меояд.

Моҳҳои январ-марти соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 25 кишвари дунё ба маблағи умумии беш аз 10,3 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.