Коҳиши назарраси истеҳсоли бензин дар Тоҷикистон

Семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 3 млрд. сомонӣ (беш аз 415 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 13,1% афзудааст. Дар Агентии омори назди президенти ҶТ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба зиёдшавии назарраси истихроҷи маводи энергетикӣ ва ғайриэнергетикӣ, истеҳсоли […]

ASIA-Plus



Семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 3 млрд. сомонӣ (беш аз 415 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 13,1% афзудааст.

Дар Агентии омори назди президенти ҶТ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба зиёдшавии назарраси истихроҷи маводи энергетикӣ ва ғайриэнергетикӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, бо шумули нӯшокиҳо ва тамоку, маснӯот аз чарм, коркарди ҷуб ва маснӯот аз он, истеҳсолоти кимиёвӣ, маҳсулоти дигари ғайриметаллии минералӣ, истеҳсоли маснӯоти тайёри металлӣ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тӯли се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли бензин (21,2%), асфалт (19,9%) ва мазут (16%), ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба андозаи 10% поин рафтааст.

Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ низ қариб 2% – то каме бештар аз 4,4 млрд. кВт/соат кам шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.