Моҳи май тоҷикистониён 11 рӯз истироҳат мекунанд



Бо назардошти рӯзҳои истироҳати маъмулӣ ва рӯзҳои ид – Якуми май ва Рӯзи Ғалаба, моҳи майи соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон 11 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи минбаъда низ рӯзи истироҳат мешавад.

Масалан, санаи 1 майи соли 2016, рӯзи ҷашни Якуми май имсол ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи минбаъдаи корӣ, яъне душанбеи ҳафтаи оянда, 2 май низ рӯзи истироҳат аст.

Ҳамин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 11 рӯз – рӯзҳои 1,2,7,8,9,14,15, 21,22, 28 ва 29 май май истироҳат мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное