ИМА ба толибилмони тоҷик 212 ҳазор нусха китоб туҳфа кард

Сафири ИМА Элизабет Миллард ҳамроҳ бо муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, роҳбарони маҳаллии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба маъракаи тақдими теъдоди зиёди китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ҳусни оғоз бахшиданд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар рафти чорабинии мазкур Сафир Миллард ва муовини аввали Вазир Мирбобоев […]



Сафири ИМА Элизабет Миллард ҳамроҳ бо муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, роҳбарони маҳаллии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба маъракаи тақдими теъдоди зиёди китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ҳусни оғоз бахшиданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар рафти чорабинии мазкур Сафир Миллард ва муовини аввали Вазир Мирбобоев ба ғолибони озмуни китобхонӣ, ки миёни мактаббачагон суръат гирифт, ҷоизаҳо супурданд.

Ҳадаф аз ҷашни Рӯзи ҷаҳонии китоб – беҳтар гардонидани дастрасии кӯдакон ба китобҳо ва талқин намудани майлу рағбат ба хонишу маърифат мебошад. Ин рӯз яке аз идҳои калонтарини ҷашни китобу хониш маҳсуб ёфта, онро дар беш аз 100 мамолики ҷаҳон таҷлил менамоянд.

Бахшида ба ҷашни Рӯзи китоб, Ҳукумати ИМА тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) 212 000 дона китобро барои мактаббачагони синфҳои аз 1 то 4 ба беш аз 1800 макотиби кишвар тӯҳфа намуд.

Чорабинии мазкур марҳилаи якуми тақдими китобҳо мебошад, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар соли 2016 ба макотиби кишвар тӯҳфа мегарданд. Ин чорабинӣ дар ду марҳила суръат хоҳад гирифт.

Иёлоти Муттаҳида шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. ЮСАИД бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб, эҷод ва тавзеъи китобҳо ҳамкории зич дорад. Китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорати мазкур қобили қабул дониста шудаанд.

Дар моҳи дигар бастаҳои иборат аз 116 дона китоби мувофиқ ба синну соли кӯдакон ба аксари мактабҳои ҷумҳурӣ дастрас хоҳанд гардид. Дар таҳия ва ороиши бадеии баъзе аз ин китобҳо муаллифон ва рассомони ҷумҳурӣ ҷалб гардида, бо кӯмаки молиявии ЮСАИД ба нашр расиданд.

ЮСАИД инчунин давраҳои омӯзиширо барои кормандони китобхонаҳо баргузор менамояд. Дар рафти омӯзиш онҳо аз таҷрибаи пешқадам дар бунёд ва идора намудани китобхонаҳои музднок, ҷалби кӯдакон ба хониш бо истифода аз китобҳои тақдимшуда ва инчунин оид ба гузаронидани семинарҳои сайёри-омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ миёни аҳолӣ бархурдор мешаванд.

Лоиҳаи ЮСАИД «Хониши босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасонест, ки бо кӯмаки мардуми Амрико тариқи ЮСАИД татбиқ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.