Кумакпулии раиси пойтахт ба собиқадорони ҶБВ



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 25 апрел бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҷаласаи шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он масоили омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа қарор шудааст, ки аз 26 апрел то 31 август ҳамаи вакилони маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо аз соати 6 то 7-и субҳ бо мушкилоти тамоми маҳаллаву кӯча ва хиёбонҳои шаҳр аз наздик ошно гардида, аз соати 18 то 19-и ҳамон рӯз аз ин санҷишҳояшон натиҷагирӣ мекунанд.

Раиси шаҳр аз вакилон дархост намуд, ки ба корҳои кабудизоркунии атрофи манзилҳои зист, ҳодисаҳои худсарони ишғол намудани қитъахои замин ва бинову панҷараҳои ғайриқонунӣ қоматафрохта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

М.Убайдуллоев ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи иҷрои саривақтӣ ва хушсифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бзурги Ватанӣ (ҶБВ) раиси пойтахт дастур дод, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба собиқадорони ҷанги шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои шаҳр боз 50 сомонӣ кумкпулӣ ҷудо карда шавад.

spot_imgspot_img

Популярное