Кумакпулии раиси пойтахт ба собиқадорони ҶБВ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 25 апрел бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҷаласаи шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он масоили омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ баррасӣ шуд. Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа қарор шудааст, ки аз 26 апрел то […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 25 апрел бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҷаласаи шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он масоили омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа қарор шудааст, ки аз 26 апрел то 31 август ҳамаи вакилони маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо аз соати 6 то 7-и субҳ бо мушкилоти тамоми маҳаллаву кӯча ва хиёбонҳои шаҳр аз наздик ошно гардида, аз соати 18 то 19-и ҳамон рӯз аз ин санҷишҳояшон натиҷагирӣ мекунанд.

Раиси шаҳр аз вакилон дархост намуд, ки ба корҳои кабудизоркунии атрофи манзилҳои зист, ҳодисаҳои худсарони ишғол намудани қитъахои замин ва бинову панҷараҳои ғайриқонунӣ қоматафрохта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

М.Убайдуллоев ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи иҷрои саривақтӣ ва хушсифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бзурги Ватанӣ (ҶБВ) раиси пойтахт дастур дод, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба собиқадорони ҷанги шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои шаҳр боз 50 сомонӣ кумкпулӣ ҷудо карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.