Амрикоиҳо ба омӯзиши ДТММ-и Тоҷикистон идома медиҳанд



Имрӯз, 28-уми апрел сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи зудамал дар ҳолатҳои фавқулодаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ машқҳо оид ба таъмини тадбирҳои амниятӣ гузаронд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишии сеҳафтина шуданд, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм назди Департаменти давлатии ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии кормандони ДТММ-ро ба ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, давраи омӯзишии мазкур аз мавзӯъҳои зерин иборат буд:  муайян кардани мавқеи худ дар мавзеъҳои гуногун, муҳориба аз масофаи наздик, моҳирона идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои фавқуллода ва раҳо кардани гаравгонон.

Зимнан зикр гардид, ки ин яке аз силсилаи машқҳои банақшагирифта мебошад, ки Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ДТММ хоҳад гузаронд.

spot_imgspot_img

Популярное