Парвандаи адвокати ҲНИТ пушти дарҳои пӯшида баррасӣ мешавад

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 3 май ба баррасии парвандаи адвокати маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров шурӯъ мекунад. Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешони Б.Ёров хабар доданд. Аввали моҳи апрел Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба итмом расонида, онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 3 май ба баррасии парвандаи адвокати маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров шурӯъ мекунад. Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешони Б.Ёров хабар доданд.

Аввали моҳи апрел Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба итмом расонида, онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол намуд. Ба парвандаи Б.Ёров муҳри махфӣ гузошта шудаааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307.1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Б.Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.