КМИР номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқи шахсият барои иштирок дар раъйпурсиро афзуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо мақсади фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои иштироки ҳарчи бештари шаҳрвандон дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия тасмим гирифт, ки шумори номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқи шахсиятро, ба шаҳрвандон барои гирифтани варақаи овоздиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, зиёд намояд. Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо мақсади фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои иштироки ҳарчи бештари шаҳрвандон дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия тасмим гирифт, ки шумори номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқи шахсиятро, ба шаҳрвандон барои гирифтани варақаи овоздиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, зиёд намояд.

Тавре як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар доираи риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ва бо назрдошти пешниҳодҳои иштирокчиёни семинарҳои омӯзишӣ, бо қарори КМИР ба номгӯи ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои гирифтани варақаи овоздиҳӣ ба ҷуз шиноснома, корти идентификатсионӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаходатномаи хизматӣ, дафтарчаи донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳоноти донишҷӯ, ҳамчунин дафтарчаи нафақа, шаҳодатномаи иштирокчии ҶБВ ва собиқадори меҳнат (шахсони баробар ба он) ва шаҳодатномаи маъюбӣ низ дохил карда шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамин тариқ шумори номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқи шахсият, ки ба шаҳрвандон барои гирифтани варақаи раъйдиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, ба 9 адад расид.

Қобили зикр аст, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, ки ба санаи 22 май таъин шудааст, беш аз 4,3 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.