Назорати муҳоҷирон дар Русияро ба ихтиёри Вазорати рушди иқтисод доданианд

Роҳбари Фонди «Муҳоҷират асри XXI» Александр Поставнин пешниҳод кардааст, ки вазифаҳои назорати муҳоҷирон ба ихтиёри Вазорати рушди иқтисоди Русия дода шавад. Ин пешниҳодро ӯ ба дастгоҳи президенти Русия ирсол намудааст. Нашрияи «Известия» дар ин робита менависад, номбурда таъкид доштааст, ки муҳоҷират бояд ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нигаронида шавад, аз ин рӯ назорати онро низ […]

ASIA-Plus



Роҳбари Фонди «Муҳоҷират асри XXI» Александр Поставнин пешниҳод кардааст, ки вазифаҳои назорати муҳоҷирон ба ихтиёри Вазорати рушди иқтисоди Русия дода шавад. Ин пешниҳодро ӯ ба дастгоҳи президенти Русия ирсол намудааст.

Нашрияи

«Известия»

дар ин робита менависад, номбурда таъкид доштааст, ки муҳоҷират бояд ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нигаронида шавад, аз ин рӯ назорати онро низ бояд вазорати дахлдор ба анҷом расонад.

«Айни замон сиёсати муҳоҷират баҳри ба даст овардани фоида равона шудааст, ки корфармоён барои истифодаи кори муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Хадамоти федералии муҳоҷират пора дода, кормандони хориҷии мустақил худашон ба кормандони пулис моҳе то 500-1000 рубл медиҳанд, то ки ғайриқонунӣ ба корашон идома диҳанд», – иброз доштааст ӯ.

Александр Поставнин бар ин назар аст, ки Русияро зарур аст, ки аз усули қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон даст кашида, ба мувофиқи мақсад истифода бурдани кори онҳо чун дар ИМА ва Исроил гузарад.

Роҳбари фонд пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирон ба минтақаҳои камаҳолӣ даъват шуда, ба онҳо дар бахши кишоварзӣ кор пешниҳод гардад, то ки тиҷорати хурду миёна инкишоф ёбад. «Феълан бисёре аз муҳоҷирон дар гӯшаву канори Маскав ва шаҳрҳои вилояти Маскав мутамарказ шудаанд», – афзудааст номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел бо

фармони

президенти Русия Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) барҳам дода шуда, иҷрои вазифаҳои он ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ вогузор шуд.

Бино ба маълумоти ХФМ, айни замон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору таҳсил ва зиндагӣ дошта, маблағҳои пулие, ки ҳамасола онҳо ба ватан интиқол медиҳанд, аз 35 то қариб 50%-и Маҷмӯи маҳсулоти доихлии кишварро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.