Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Маркази Тиҷорати Байнулмилалӣ (МТБ), ки барномаҳояш аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд, давраи омӯзишиеро дар мавзӯъи тарроҳии торнамо (веб-сайт) барои корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Тавре аз МТБ хабар доданд, чорабинӣ имрӯз, 28-уми апрел, дар шаҳри Душанбе, ва рӯзи 3-юми май дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Дар ин чорабинии муҳим доир ба аҳаммияти бозорёбии интернетӣ ва сохтани торнамоҳо ва фурӯшгоҳҳои онлайни замонавӣ дониш ва маълумот пешниҳод мешавад. Ҳадаф аз он мусоидат ба корхонаҳои миёна ва хурд дар афзоиши фурӯшҳои онлайн ва пайдоиши муштариёни нав дар даруни кишвар ва берун аз он мебошад.
Тренери давраи омӯзишии мазкур Далер Каримов аз ширкати машваратии маҳаллии Исм (
www.ism.tj
) мебошад, ки дар тарроҳии торнамо ва фанновариҳои онлайнӣ таҷриба дорад. Ӯ ба иштироккунандагони давра роҳҳои ҷолибтар гардонидани торнамоҳои расмияшон барои бинандагон ва роҳаттар гардонидани истифодаи торнамоҳоро таълим медиҳад. Ӯ василаҳои одӣ ва содаи бозорёбӣ дар интернетро нишон дода, иштироккунандагони давраи омӯзиширо бо намунаҳои муваффақи фурӯшгоҳҳои интернетӣ ва торнамоҳои ширкатҳо шинос мекунад. Ҳамчунин, ӯ нишон хоҳад дод, то чӣ гуна торнаморо барои бинандагон ҷолиб ва дилкаш гардонид.
Далер Каримов мегӯяд, “Тиҷоратҳои хурд бештар ҳадаф мегузоранд, то чӣ гуна шумори боздидҳо аз торнамояшон бо харид анҷом биёбад. Вале, баъзан, соҳибкорон нақшаи бозорёбии интернетиеро рӯидаст мегиранд, ки ба интизороташон посух намегӯяд. Ҳузури муассир дар интернет василаи хубе барои афзоиши шумори муштариён буда, роҳҳои содаву осони ба даст овардани он вуҷуд дорад. Торнамоҳои расмии ширкатҳо бояд сода, фоидаовар ва ҷолиб бошанд ва ба ширкат имкон диҳанд, то маҳсулоташро фурӯшад ва шарикон пайдо намояд”.
БАТР дар ин чорабинӣ иштирокдоронро, ҳамчунин, бо барномаи “Машварат барои корхонаҳои хурду миёна” шинос мекунад. Мо соҳибкории хурду миёнаро тавассути беҳтар кардани дастрасияшон ба маблағ ва боло бурдани донишашон ҷиҳати афзоиши тиҷорат дастгирӣ мекунем. Дар ҳамкорӣ бо мушовирони маҳаллӣ ва байнулмилалӣ, аз соли 1999 бад ин сӯ бештар аз 500 корхона аз машваратҳо ва тавсияҳои соҳавии мо баҳравар гардидаанд. Ин иқдомҳо дар Тоҷикистон бо ёрии молиявии маблағгузорон аз Ҷопон, ИМА, Бунёди вижаи БАТР, ва Бунёди кишварҳои дар ҳоли оғози рушд имконпазир гардидаанд.



