Шабдолов президентро ба ҳифзи симои Душанбе даъват кард

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба қарори кӯчонидани чанде аз иншооти таърихӣ ва фарҳангӣ дар маркази пойтахт, ба президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кард. Дар муроҷиати худ ба сарвари давлат Шодӣ Шабдолов ошуфтагии худро аз ин қарор изҳор намуда, қайд мекунад, ки ин амал беназокатӣ буда, […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба қарори кӯчонидани чанде аз иншооти таърихӣ ва фарҳангӣ дар маркази пойтахт, ба президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

муроҷиат кард.


Дар муроҷиати худ ба сарвари давлат Шодӣ Шабдолов ошуфтагии худро аз ин қарор изҳор намуда, қайд мекунад, ки ин амал беназокатӣ буда, изҳороти ҳукуматдорон оид ба ба мутобиқат надоштани биноҳои таърихӣ ба симои биноҳои баландошёнаи шишагӣ дар маркази шаҳр нодуруст аст,зеро ин биноҳои баландошёна натанҳо ба симои таърихии кӯчаи Рӯдакӣ мутобиқат надоранд, балки онро зишту бадафт месозанд.

Раиси Ҳизби коммунист изҳор медорад, ки ба биноҳои дорои арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии кишвар кордор шудан лозим нест, бигзор он як ё дуошёна ҳам бошад, зеро дар ягон пойтахти кишварҳои дунё, аз ҷумла Вашингтону Париж, Пекину Маскав ва ғайра ба ин амал даст намезананд. «Ба ин биноҳо кордор намешаванд, чунки таъриху хотираи мардум аз гузашта набояд аз байн равад», – мегӯяд ӯ.

Дар идома ӯ зикр мекунад, ки замони шӯравӣ Сталин беҳтарин меъморони Ленинградро ба ин ҷо сафарбар карда, Душанбе (яъне Сталинобод) яке аз камтарин шаҳрҳоест, ки аксари иншооти таърихиаш ба монанди биноҳо дар Петербург сохта шудааст.

«Ман ба таърихи замони тоисломӣ, исломӣ ва шӯравии кишварам бетараф буда наметавонам. Давлати Сомониён бахусус дар замони ҳукмронии Насри 2 (набераи Исмоили Сомонӣ) бо намояндагонаш – Рӯдакиву Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав ва дигар ходимони барҷастааш дар таърихи тоисломии Тоҷикистон бешак давраи тиллоӣ маҳсуб меёбад, вале дар ҳамин ҳол, замони шӯравӣ, ки ба туфайли он давлати миллии мо таъсис ёфту бо шарофати сиёсати миллии Ленин ва дастгирии қотеъонаи Сталин ба рушди беназир даст ёфт, асри тиллоӣ аст, ки аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастае чун Ҷавоҳирлол Неру эътироф шудааст. Ин сиёсатмадор бар ин назар буд, ки таҷрибаи сохтмони шӯравӣ дар Тоҷикистон барои дигаргуниҳои инқилобӣ дар Ҳиндустон намунаи бемисл шуда метавонад», – иброз медорад Ш.Шабдолов дар муроҷиатнома.

Дар муроҷиат ӯ ҳамчун раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост мекунад, ки ҷиҳати хотима бахшидан ба кӯшишҳои кӯчонидани иншооти таърихиву меъмории замони шӯравӣ, аз қабили театри Маяковский, театри Лоҳутӣ, собиқ бинои Кумитаи Марказӣ, бинои Шӯрои Олӣ ва биноҳои начандон бузурги таърихӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ мусоидат намояд.

«Муборизаи сиёсии ходимони барҷастаи Тоҷикистон барои истиқлолияти давлатии кишвар бо номи ин иншоот ҳамбастагӣ дорад ва Шумо, Президенти муҳтарам барои ҳалли мусбати ин масъала тамоми ваколатҳоро доред. То ба сатҳи ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байнулмилали расонидани ҳаллу фасли ин масъаларо нораво мешуморам», – омадааст дар фарҷоми муроҷиат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.