Русия ҷиҳати ба рӯйхати таҳримии СММ шомил гардидани бо ду созмони террористӣ – «Аҳрор уш-Шом» ва «Ҷейш ул-ислом» дархост пешниҳод намуд.
Бино ба иттилои
Маркази иттилооти СММ
, ин дархости Русия ҷиҳати баррасӣ ба Кумитаи Шӯрои амният оид ба таҳримҳо нисбати созмонҳои ба ном Давлати исломӣ ва «Ал-Қоида» ирсол шудааст.
Ҳайати Русия дар ин робита изҳор намудааст, ки гурӯҳҳои «Аҳрор уш-Шом» ва «Ҷейш ул-ислом», ки дар Сурия меҷанганд, бо созмонҳои террористӣ бо шумули Давлати исломӣ ва «Ал-Қоида» робитаи зич доранд.
Қобили зикр аст, ки ваколатҳои Кумитаи Шӯрои амният оид ба таҳримҳо ба созмонҳои ба ном Давлати исломӣ ва «Ал-Қоида» нисбати шахсони ҳуқуқиву воқеъие, ки ин созмонҳоро дастгирӣ мекунанд, низ мавриди истифода қарор мегиранд.



