Муовини сарвазир ҳайати ширкати Airbus-ро ба ҳузур пазируфт

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Франсия Дидие Леруа ва ҳайати ширкати «Аэробус» (Airbus) дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ҷиҳати харидорӣ намудани тайёраҳои истеҳсоли ширкати «Аэробус» бо шарту шароитҳои муносиб барои ширкатҳои ватанӣ, бақайдгирии минбаъдаи онҳо, дар доираи имкониятҳои ширкат […]

АМИТ «Ховар»



Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Франсия Дидие Леруа ва ҳайати ширкати «Аэробус» (Airbus) дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ҷиҳати харидорӣ намудани тайёраҳои истеҳсоли ширкати «Аэробус» бо шарту шароитҳои муносиб барои ширкатҳои ватанӣ, бақайдгирии минбаъдаи онҳо, дар доираи имкониятҳои ширкат аз ҳисоби мутахассисони ҷавони маҳаллӣ омода намудани сарнишинон, ҳайати техникӣ, омӯзиши ҳавонавардон дар донишгоҳҳои авиатсионии Франсия, расонидани кумакҳои машваратӣ ба авиатсияи граждании Тоҷикистон ва таъмини бехатарии парвозҳо баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ сафири Франсия аз муовини сарвазири Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати оғоз намудани баррасии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Франсия ва Тоҷикистон оид ба канорагирӣ аз ситонидани андозбандии дукарата бо мақсади роҳ ёфтани ширкатҳои  ин ду кишвар ба бозори молу хизматрасонии ҳамдигар мусоидат намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин ҷониби Франсия пешниҳод намуд, ки бо мақсади содда гардонидани рафтуомади шаҳрвандони ҳарду кишвар ва иштироки бештари доираҳои соҳибкорон барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд зарурати кушодани хатсайри мустақим аз Душанбе ба Париж тавассути Франкфурт ба миён омадааст. Азим Иброҳим изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ омода аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.