Баррасии имкони ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Париж

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон  рӯзи 25 апрели соли равон бо ҳайати  Сарраёсати авиатсияи  граждании Ҷумҳурии Фаронса Франк Жиро – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои Осиёи Марказии Ҷумҳурии Фаронса, хонум Корин Луве – масъули рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Донишкадаи миллии авиатсияи гражданӣ ва дигар намояндагон бо сарварии сафири Фаронса […]

ASIA-Plus



Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон  рӯзи 25 апрели соли равон бо ҳайати  Сарраёсати авиатсияи  граждании Ҷумҳурии Фаронса Франк Жиро – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои Осиёи Марказии Ҷумҳурии Фаронса, хонум Корин Луве – масъули рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Донишкадаи миллии авиатсияи гражданӣ ва дигар намояндагон бо сарварии сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Лёруа дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, зимни мулоқот масоили  бастани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани хатсайрҳо миёни Душанбе ва Париж ва дигар масоили мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ нахуст аз ҳамкориҳои дуҷониба  байни ин ду кишвар сухан рафта, гуфта шуд, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса тӯли солҳои охир ҳамкориҳои судманд амалӣ гаштаанд, ки сохта ба истифода додани терминали мусофирбарӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби  Фаронса далели рушани гуфтаҳои болост.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2014 дар Фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон терминали нав ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби ширкати Vinci S.A.-и Фаронса бунёд гардид. Ҷониби Фаронса барои бунёди ин иншоот ба сифати қарз 20 млн. евро маблағ ҷудо кард.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли миёни Тоҷикистону Фаронса ҳудуди 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 17% зиёдтар аст. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо наздики 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.