Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кардааст.
Зинаҳои аввалро Албания ва Португалия ишғол кардаанд, ки дар онҳо нерӯи барқ 100% аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад. Ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар ин рейтинг ҳамчунин Исландия (99,98%), Мозамбик (99,86%) ва Замбия (99,70%) низ дохил шудаанд.
Дар зинаи баъдӣ Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки мутобиқи маълумоти зикршуда, давоми солҳои 2011-2015, дар ин кишвар 99,56%-и нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.
Гуфта мешавад, дар муқоиса бо солҳои 2006-2010 истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби сарчашмаҳои барқаооршаванда ба андозаи 0,21% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2015 дар нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 95,2% (1 млрд. 419,4 млн. кВт/соат) нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки тақрибан 4,8% (68,2 млн. кВт/соат)-и он ба марказҳои барқу гармидиҳӣ рост меояд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 қариб ду баробар зиёдтар аст.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ фоизи бештар пасттари истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи барқ ба Қазоқистон (8,38%) рост омада, дар Ӯзбекистон ҳиссаи энергияи «тоза» – 21,35% ва Қирғизистон – 93,48%-ро ташкил медиҳад. Дар бораи Туркманистон маълумот дастрас нест.



