Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба вилояти Хатлон

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 29 апрел бо сафари якрӯзаи корӣ аз вилояти Хатлон боздид мекунад. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа Ш.Зуҳуров бо фаъолони вилоят мулоқот карда, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи кишвар ва зарурати қабули онҳоро […]

ASIA-Plus



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 29 апрел бо сафари якрӯзаи корӣ аз вилояти Хатлон боздид мекунад.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа Ш.Зуҳуров бо фаъолони вилоят мулоқот карда, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи кишвар ва зарурати қабули онҳоро дар шароити муосири рушди ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ ва аҳолиро ба иштироки фаъолона дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ ба ин муносибат даъват мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки зимни мулоқот раиси палатаи поёнии парлумон ба фаъолони вилоят аз фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ низ маълумот хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи оянда чунин вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.