Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши солонааш вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ба интиқод кашида, аз Амрико хостааст, то бо талаби ислоҳи вазъ ба Душанбе фишор биорад.
Бино ба иттилои
Радиои Озодӣ
, Кумиссиюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиии динии байналмилалӣ (USCIRF) рӯзи 2 май гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро нашр кард. Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш, ки ба забони тоҷикӣ низ алоҳида нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва берун аз назорати давлатӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои мусулмонон, протестантҳо ва шоҳидони Яҳуваро саркӯбӣ карда, ба ҷазо мекашад.” Бино ба ин гузориш, аз соли 2009 дар Тоҷикистон “як силсила қонунҳое ҷорӣ карда шудаанд, ки ба таври шадид озодии диниро маҳдуд месозанд. Ҳукумат инчунин шахсони алоҳидаро бо иттиҳомоти ҷиноии собитнашудаи марбут ба фаъолиятҳои динии исломӣ ба зиндон мекашад.”
Муаллифон аз ҷумла дар соли 2015 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби “экстремистӣ” манъ шудани фаъолияти ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва боздошти 100 тан аз пешвоён ва аъзои ин ҳизбро зикр карда, гуфтаанд, ки Кумиссиюни озодиҳои мазҳабӣ “бори дигар дар соли 2016 тавсия менамояд, ки Ҳукумати ИМА Тоҷикистонро мувофиқи Қонуни байналмилалии озодии дин (IRFA) ба сифати “кишвари боиси нигарониҳои хос” ё (CPC) муайян намояд. Қаблан Тоҷикистон, аз соли 2009 то соли 2011, дар сатҳи 2-и USCIRF (номи пешинааш Рӯйхати пайгириҳо) ҷой дода шуда буд.»
Аз ҳукумати Амрико ҳамчунин хоста шудааст, то “ба Ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад, то ин ки Қонуни дин аз соли 2009 ва қонунҳои марбутаи дигарро ба тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла тааҳҳудоти марбут ба озодии дин ё эътиқод, мувофиқ намояд, инчунин ба таври умумӣ нақзи ин тааҳҳудотро аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мавриди танқид қарор диҳад.”
Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешавад, ки Амрико бояд «дар бобати муносибати репрессивии Тоҷикистон дар масоили танзими дин ва мубориза бо ифротгароӣ, аз ҷумла хафви ифротгаро кардани аҳолии кишвар» бо ҷомиаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад ва ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини боздидҳои гузоришгарони вижаи СММ дар масоили озодии дин ва шиканҷа розӣ кунонад. Ҳамин тавр, аз Вошингтон хостаанд, ки «дар болотарин сатҳҳо пофишорӣ кунад ва барои таъмини озодии фаврии ашхоси ҳабсшуда барои фаъолиятҳои осоиштаи динӣ ё мансубияти мазҳабияшон кор барад.»
Тақозои дигари омода дар гузориши кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико марбут ба шеваи ироаи ёриҳои Амрико ба Тоҷикистон аст. Ба ақидаи муаллифон, ҳукумати Амрико бояд «боварӣ ҳосил намояд, ки кӯмаки ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба истиснои кӯмакҳои башардӯстона ва барои пешрафти ҳуқуқи башар пешбинишуда, дар сурате анҷом мегирад, ки агар ҳукумат ҷадвали замонии иқдомоти мушаххасро барои ислоҳоти Қонуни дин ва беҳбуди шароити озодии динӣ ва эътиқод мураттаб ва амалӣ намояд.»
Матни пурраи гузоришро низ метавонед аз сомонаи Радиои Озодӣ мутолиа намоед.





