USCIRF: Тоҷикистон боиси нигаронии хос аст

Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши солонааш вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ба интиқод кашида, аз Амрико хостааст, то бо талаби ислоҳи вазъ ба Душанбе фишор биорад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , Кумиссиюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиии динии байналмилалӣ (USCIRF) рӯзи 2 май гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои […]



Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши солонааш вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ба интиқод кашида, аз Амрико хостааст, то бо талаби ислоҳи вазъ ба Душанбе фишор биорад.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, Кумиссиюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиии динии байналмилалӣ (USCIRF) рӯзи 2 май гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро нашр кард. Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш, ки ба забони тоҷикӣ низ алоҳида нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва берун аз назорати давлатӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои мусулмонон, протестантҳо ва шоҳидони Яҳуваро саркӯбӣ карда, ба ҷазо мекашад.”  Бино ба ин гузориш, аз соли 2009 дар Тоҷикистон “як силсила қонунҳое ҷорӣ карда шудаанд, ки ба таври шадид озодии диниро маҳдуд месозанд. Ҳукумат инчунин шахсони алоҳидаро бо иттиҳомоти ҷиноии собитнашудаи марбут ба фаъолиятҳои динии исломӣ ба зиндон мекашад.”

Муаллифон аз ҷумла дар соли 2015 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби “экстремистӣ” манъ шудани фаъолияти ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва боздошти 100 тан аз пешвоён ва аъзои ин ҳизбро зикр карда, гуфтаанд, ки Кумиссиюни озодиҳои мазҳабӣ “бори дигар дар соли 2016 тавсия менамояд, ки Ҳукумати ИМА Тоҷикистонро мувофиқи Қонуни байналмилалии озодии дин (IRFA) ба сифати “кишвари боиси нигарониҳои хос” ё (CPC) муайян намояд. Қаблан Тоҷикистон, аз соли 2009 то соли 2011, дар сатҳи 2-и USCIRF (номи пешинааш Рӯйхати пайгириҳо) ҷой дода шуда буд.»

Аз ҳукумати Амрико ҳамчунин хоста шудааст, то “ба Ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад, то ин ки Қонуни дин аз соли 2009 ва қонунҳои марбутаи дигарро ба тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла тааҳҳудоти марбут ба озодии дин ё эътиқод, мувофиқ намояд, инчунин ба таври умумӣ нақзи ин тааҳҳудотро аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мавриди танқид қарор диҳад.”

Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешавад, ки Амрико бояд «дар бобати муносибати репрессивии Тоҷикистон дар масоили танзими дин ва мубориза бо ифротгароӣ, аз ҷумла хафви ифротгаро кардани аҳолии кишвар» бо ҷомиаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад ва ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини боздидҳои гузоришгарони вижаи СММ дар масоили озодии дин ва шиканҷа розӣ кунонад. Ҳамин тавр, аз Вошингтон хостаанд, ки «дар болотарин сатҳҳо пофишорӣ кунад ва барои таъмини озодии фаврии ашхоси ҳабсшуда барои фаъолиятҳои осоиштаи динӣ ё мансубияти мазҳабияшон кор барад.»

Тақозои дигари омода дар гузориши кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико марбут ба шеваи ироаи ёриҳои Амрико ба Тоҷикистон аст. Ба ақидаи муаллифон, ҳукумати Амрико бояд «боварӣ ҳосил намояд, ки кӯмаки ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба истиснои кӯмакҳои башардӯстона ва барои пешрафти ҳуқуқи башар пешбинишуда, дар сурате анҷом мегирад, ки агар ҳукумат ҷадвали замонии иқдомоти мушаххасро барои ислоҳоти Қонуни дин ва беҳбуди шароити озодии динӣ ва эътиқод мураттаб ва амалӣ намояд.»

Матни пурраи гузоришро низ метавонед аз сомонаи Радиои Озодӣ мутолиа намоед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.