Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 6 июн шурӯъ мегардад

ASIA-Plus



Имсол дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон аз 6 июн шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи солшумории мусалмонӣ рӯзи нав на дар нимашаб, чуноне ки дар тақвими григорианӣ омадааст, балки дарҳол баъди ғуруби офтоб оғоз мегардад. Аз ин рӯ, намози якуми таровеҳ, ки иловатан дар моҳи рамазон хонда мешавад, маҳз шоми 5 июн доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба наздикӣ бояд ҷаласаи Шӯрои улмао доир гардида, дар он ҷадвали намозҳо барои моҳи Рамазон муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) 4 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шуда буд. Тибқи шариати ислом, ин маблағ бо назардошти нархи миёнаи ду кило орд муқаррар карда мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи рамазон бо Ид ул-Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад.

Рӯзи ид баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...