Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 6 июн шурӯъ мегардад

Имсол дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон аз 6 июн шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи солшумории мусалмонӣ рӯзи нав на дар нимашаб, чуноне ки дар тақвими григорианӣ омадааст, балки дарҳол баъди ғуруби офтоб оғоз мегардад. Аз ин рӯ, намози якуми таровеҳ, ки иловатан […]

ASIA-Plus



Имсол дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон аз 6 июн шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи солшумории мусалмонӣ рӯзи нав на дар нимашаб, чуноне ки дар тақвими григорианӣ омадааст, балки дарҳол баъди ғуруби офтоб оғоз мегардад. Аз ин рӯ, намози якуми таровеҳ, ки иловатан дар моҳи рамазон хонда мешавад, маҳз шоми 5 июн доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба наздикӣ бояд ҷаласаи Шӯрои улмао доир гардида, дар он ҷадвали намозҳо барои моҳи Рамазон муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) 4 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шуда буд. Тибқи шариати ислом, ин маблағ бо назардошти нархи миёнаи ду кило орд муқаррар карда мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи рамазон бо Ид ул-Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад.

Рӯзи ид баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.