Анҷоми парвози нахустин бо хатсайри ҳавоии Душанбе – Лоҳур

Иттилоияи расмӣ



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо роҳандозӣ намуд. Парвози нахустин ба самти Лоҳур санаи 6-уми майи соли 2016 тавассути ҳавопаймои Боинг 737-900 анҷом дода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи хатсайр Директор оид ба тиҷорати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эҷаз Хан, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Ганҷалзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро, роҳбари Палатаи Савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Бо хатсайри нахустин ба шаҳри Лоҳур 54 нафар ва аз Лоҳур ба Душанбе 29 нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Дар маросимҳои ифтитоҳи хатсайр дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Лоҳур қайд гардид, ки роҳандозии хатсайри мазкур ба таҳкими муносибатҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки дигар барои расидан аз Душанбе ба Лоҳур ва аз Лоҳур ба Душанбе сарфи зиёди вақт – 24 соат лозим нест. Маблағи роҳкиро низ сарфа мешавад.

Парвозҳо ба дуввумин шаҳри бузурги Покистон ва маркази фарҳангии ин кишвар ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Кулли парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737 сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба сӯи Лоҳур 1 соату 30 дақиқа ташкил медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчунин тасмим дорад рӯзҳои наздик боз як хатсайри нав – Душанбе-Теҳрон-Душанберо ифтитоҳ намояд. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае ду маротиба иҷро хоҳанд шуд. Дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...