Таъсиси воҳиди нав дар назди Вазорати нақлиёт

Дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шуд, ки ба масоили таъмиру истифодабарии роҳҳои автомобилгард дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул хоҳад шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли ҷорӣ дар тобеи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд. […]

ASIA-Plus



Дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шуд, ки ба масоили таъмиру истифодабарии роҳҳои автомобилгард дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул хоҳад шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли ҷорӣ дар тобеи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд.

Қайд мешавад, ки корхонаи мазкур бо мақсади беҳтар намудан ва сари вақти бартараф намудани офатҳои табиӣ, ҳамзамон сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти он таъсис дода мешавад.

«Фаъолияти асосии КВД «Бадахшонроҳсоз» иҷрои корҳои роҳсозӣ таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти он мебошад», – омадааст дар хабари Вазорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.