Атамбоев ба маросими расмии оғози лоиҳаи CASA-1000 ба Душанбе намеояд

Аваз Юлдошев



Сафари расмии президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 11 май дар нақша буд, бо сабабҳои номаълум ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки пагоҳ, 12 май дар шаҳри Турсунзода доир мегардад, Бишкекро сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода будем, ки президенти Қирғизистон ба Душанбе ташриф оварда, ба ҷуз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи CASA-1000, ҳамчунин ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон имзои бастаи нави созишномаҳои дуҷониба, аз ҷумла созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буд. Масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил дода, то ҳанӯз 567 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.

Ахири моҳи апрел зимни суханронӣ дар чорабинии ҷашнӣ ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки дар сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон доир гардид,сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов

изҳори итминон карда буд

, ки созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Душанбе ба имзо мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...