Атамбоев ба маросими расмии оғози лоиҳаи CASA-1000 ба Душанбе намеояд

Сафари расмии президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 11 май дар нақша буд, бо сабабҳои номаълум ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, дар маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки пагоҳ, 12 май дар шаҳри Турсунзода доир […]

Аваз Юлдошев



Сафари расмии президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба Тоҷикистон, ки имрӯз, 11 май дар нақша буд, бо сабабҳои номаълум ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки пагоҳ, 12 май дар шаҳри Турсунзода доир мегардад, Бишкекро сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода будем, ки президенти Қирғизистон ба Душанбе ташриф оварда, ба ҷуз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи CASA-1000, ҳамчунин ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон имзои бастаи нави созишномаҳои дуҷониба, аз ҷумла созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буд. Масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил дода, то ҳанӯз 567 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.

Ахири моҳи апрел зимни суханронӣ дар чорабинии ҷашнӣ ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки дар сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон доир гардид,сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов

изҳори итминон карда буд

, ки созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Душанбе ба имзо мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.