Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки то 15 майи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо борони зиёд борида, ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис мегардад.
Дар ин робита Кумита аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин КҲФ ва МГ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки зимни анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд.



