Кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 пеш аз ба истифода супоридани иншооти бунёдшуда кишварҳо бонки мудир (бонки хизматрасон)-ро ҷиҳати идоракунии даромад дар якҷоягӣ интихоб мекунанд.
Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки хизматрасон дар кишваре, ки дар лоиҳа иштирок намекунад ҷойгир хоҳад буд, ки он ҳар як сол аз тафтиш (аудит) мегузарад.
Барои ҳар ду кишвари содиркунанда бо мақсади таъмин намудани баҳисобгирии муҳосибавии шаффоф ва истифодаи маблағ аз содироти нерӯи барқ барномаи идоракунии даромад бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ (НБМ) ба мувофиқа расонида мешавад.
«Даромад аз содирот пеш аз ҳама барои фаъолияти муназзами лоиҳаи CASA-1000 истифода хоҳад шуд, аз он ҷумла барои саривақт пардохт намудани ҳаққи
тавлидкунандагони нерӯи барқ, пардохтҳои хизматрасонии қарз, инчунин барои мусоидат дар амалисозии барномаҳои истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дигар чораҳои лоқаманд бо норасоии барқ дар фасли зимистон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон», – шарҳ медиҳад Бонки ҷаҳонӣ.
Дар шарҳи лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин гуфта мешавад, инфрасохтори зарурӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ аллакай мавҷуд аст. Маълумоти иловагӣ ба гузориши ибтидоии асосноккунии лоиҳа аз моҳи феврали 2011 нишон дод, ки дар давоми 20 соли оянда (2016-35) барои интиқоли он ба Осиёи Ҷанубӣ бе сохтмони иншооти иловагии истеҳсоли нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳаҷми кофии нерӯи барқи зиёдатии фасли тобистон (аз 1 май то 30 сентябр) дастрас хоҳад буд.
«Айни замони Тоҷикистон дар фасли тобистон ҳаҷми зиёди обро бе истеҳсоли нерӯи барқ мепартояд, зеро ҳаҷми зарурии об барои талаботи дохилӣ ва соридоти кунунии нерӯи барқ зиёдтар мебошад. Дар давоми моҳҳои тобистон ҳаҷми зиёди нерӯи барқи зиёдатӣ барои қонеъ намудани талаботи содироти он дар доираи лоиҳа бе сохтмони иншооти иловагии истеҳсоли нерӯи барқ дастрас мебошад», – омадааст дар
шарҳу тавзеҳи
Бонки ҷаҳонӣ.





