Варақаҳои овоздиҳӣ барои раъйпурсӣ ба нуқтаҳои таъинот расонида шуданд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба тамоми минатқаҳои кишвар ва намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи давлат дастрас шардидани варақаҳоро барои овоздиҳӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конституnсияи Тоҷикистон (22 май) ба анҷом расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ҳифзу […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба тамоми минатқаҳои кишвар ва намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи давлат дастрас шардидани варақаҳоро барои овоздиҳӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конституnсияи Тоҷикистон (22 май) ба анҷом расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ҳифзу нигаҳдории онҳро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин мекунанд.

Варақаи овоздиҳӣ аз матни зерин иборат аст: «Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро қабул доред?». Ду шакли посух низ мавҷуд аст: «Ҳа» ва «Не». Ҳамчунин дар варақаи овздиҳӣ тартиби дуруст пур кардани он низ зикр мешавад. Варақаҳо дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расида, як сатҳи муҳофизат доранд.

Нусхаҳои қисмати асосӣ ва бештари варақаҳо, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 4,3 млн. ададро ташкил медиҳанд, бо забони тоҷикӣ нашр шуда, ба маҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар он шумори зиёди мардуму русу ӯзбек ва қирғиз иқомат доранд, варақаҳо бо ҳамин забонҳо низ фиристода шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар 29 кишвари саросари ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон 38 қитъаҳои интихоботӣ барои баргузор намудани раъйпурсӣ таъсис дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.