Ифтитоҳи 2 иншооти нигоҳдории эмини маводҳои радиоактив дар Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Идораи амнияти ҳастаии миллӣ назди Вазорати энергетикаи ИМА (ИАҲМ ВЭ ИМА), Вазорати энергетика ва тағири иқлими Британияи Кабир (ВЭТИ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду иншоот барои нигоҳдории эмини маводҳои радиоактив дар Муассисаи давлатии идораи партовгоҳҳои маводҳои радиоактив (МДПМР) ифтитоҳ намуданд. Ин иқдом ҷузъе аз талошҳои васеътари муштарак ҷиҳати пешгирии ба дасти […]

Иттилоияи расмӣ


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Идораи амнияти ҳастаии миллӣ назди Вазорати энергетикаи ИМА (ИАҲМ ВЭ ИМА), Вазорати энергетика ва тағири иқлими Британияи Кабир (ВЭТИ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду иншоот барои нигоҳдории эмини маводҳои радиоактив дар Муассисаи давлатии идораи партовгоҳҳои маводҳои радиоактив (МДПМР) ифтитоҳ намуданд. Ин иқдом ҷузъе аз талошҳои васеътари муштарак ҷиҳати пешгирии ба дасти террористон афтодани маводҳои ҳастаӣ ва радиоактив мебошад. 


Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур дар МДПМР директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ доктор Улмас Мирсаидов ва директори МДПМР доктор Аслиддин Шоназаров таҷдиди назарраси ин ду иншоотро ҳамчун намунаи шоистаи ҳамкории давомнок байни ИМА, Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар пешгирии терроризми ядроӣ ва радиоактив ба хусус таъкид карданд.


«Маводҳои радиоактиви корношояму беназоратмонда барои ғорат шудан бахусус осебпазиранд. Анҷоми таҷдиди иншоотҳои мазкур ба идоракунии эмину бехатари маводҳои радиоактив дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ин дастоварди муҳим мебошад, ки дар натиҷаи ҳамкории пайваста байни давлатҳои мо ҷиҳати коҳиш додани таҳдиди терроризми радиоактив ноил шудааст» гуфт муовини сардори Шӯъба оиди паҳн нагаштани аслиҳаи ядроии ИАҲМ хонум Энн Харрингтон.


ИАҲМ дар соли 2000 аз сӯи Конгресси ИМА таъсис дода шуд. ИАҲМ ниҳоди ниммустақил буда, аз лиҳози сохторӣ таҳти Вазорати энергетика қарор дорад. ИАҲМ барои таҳкими амнияти миллӣ тариқи истифодабарии ҳарбии физикаи ядроӣ масъул мебошад.


ИАҲМ эминӣ, бехатарӣ ва самаранокии захираҳои яроқи ҳастаии ИМА-ро бидуни гузаронидани озмоишҳои инфиҷори ҳастаӣ нигаҳдорӣ ва тақвият менамояд; дар мавриди коҳиш додани хатари ҷаҳонии марбут ба истифодабарии силоҳи қатли ом корҳоро анҷом медиҳад; нерӯҳои баҳрии ИМА-ро бо дастгоҳҳои пурқуввати ҳастаӣ таъмин менамояд; ва инчунин ба ҳолатҳои изтирории хусусияти ҳастаӣ ва радиоактивӣ дошта – чӣ дар ИМА ва чӣ берун аз он – аксуламал нишон медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.