Бонки Эсхата хизматрасонии нави “Авто-қарз”-ро коркард ва барои мизоҷонаш пешниҳод дорад, ки барои мизоҷон имконияти харидани нақлиети дилхоҳро фароҳам меорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбути Бонки Эсхата, хизматрасонии мазкур маҳз барои дастгирӣ намудани аҳолӣ ва кумак дар харидорӣ кардани моли дилхоҳ мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, мизоҷон метавонанд нақлиети дилхоҳро интихоб намуда, ба Бонк муроҷиат намоянд. Дар ин самт Бонк омода аст, ки 70% ҳаҷми маблағи нақлиетро бо фоизи паст пардохт кунад. Маблағи қарз аз 100 то 10 001 доллари ИМА (мутаносибан бо асъори миллӣ) буда, 28 – 24 % солона барои қарзҳо бо доллари ИМА ва 36 – 32% барои қарзҳо бо сомони пешниҳод мегардад.
Зимнан зикр мегардад, ки афзалияти муҳими хизматрасонии мазкур низоми осони таъминоти гарав аст. Нақлиёти харидоришуда метавонад ба гарав гирифта шавад. Тартиби қарзгирӣ бидуни суғуртакунӣ ва бо ҳуҷҷатгузории осон амалӣ карда мешавад.





