Э.Раҳмон ноиби президенти БҶ-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, хусусан аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани соҳаҳои гуногуни рушди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоиёт ва дастгирии буҷети давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки дар тӯли 23 соли шарикӣ Бонк ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда, ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷроиш қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди бемайлони кишвар ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум буда, дар шароити таъсири ногувори омилҳои берунӣ, аз ҷумла таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили фарогирии имконоти бузурги молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ дар бартарфсозии оқибатҳои офатҳои табии дар Тоҷикистон ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои хавфноки кишвари мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.