Ҷонибдории парлумон аз таъиноти кадрии президент

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз таъиноти кадрӣ дар ҳайати ҳукуматро, ки аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буд, ҷонибдорӣ намуд. Вакилони палумон таъини Зафар Азимиро ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бидуни баррасӣ ва якдилона дастгирӣ карданд. З.Азимӣ зодаи ноҳияи Ҳисор, номзади илмҳои иқтисод буда, қаблан ба яке аз раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ роҳбарӣ […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз таъиноти кадрӣ дар ҳайати ҳукуматро, ки аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буд, ҷонибдорӣ намуд.

Вакилони палумон таъини Зафар Азимиро ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бидуни баррасӣ ва якдилона дастгирӣ карданд. З.Азимӣ зодаи ноҳияи Ҳисор, номзади илмҳои иқтисод буда, қаблан ба яке аз раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.

Ҳамчунин пешниҳоди президент дар бораи ба вазифаи Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи кӯдакон – муовини Омбудсмени Тоҷикистон таъин шудани Раҷабмоҳ Бадриддинова низ  бидуни баррасӣ ва якдилона дастгирӣ ёфт. То таъин шудан ба ин мансаб Р.Бадриддинова дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ фаъолият мекард.

Дар иҷлосияи парлумон шахсони ба вазифаҳои нав таъиншуда дар садоқат ба Ватан ва қарзи касбӣ савганд ёд карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.