Имтиҳоноти дохилшавӣ ба коллеҷу техникумҳо дар ММТ

Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо бояд дар Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҷумҳурӣ имтиҳон супоранд. Имрӯз, 13 май вакилони палатаи поёнии парлумон чунин тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи маориф»-ро маъқул шумориданд. Ба гуфтаи муовини вазири маориф […]

Аваз Юлдошев



Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо бояд дар Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҷумҳурӣ имтиҳон супоранд.

Имрӯз, 13 май вакилони палатаи поёнии парлумон чунин тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи маориф»-ро маъқул шумориданд.

Ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, ин талабот ба муассисаҳои таълимие, ки барои сохторҳои қулдратии ҷумҳурӣ кадрҳо тайёр мекунанд, дахл нахоҳад дошт.

«Ин талабот ба бартараф кардани муомилоти коррупсионӣ зимни дохилшавӣ ба коллеҷу техникумҳо ва дигар муассисаҳои таълимии касбӣ равона шудааст», – изҳор кард муовини вазир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.