Деҳқонон ба иҷрои меъёрҳои ғизодиҳӣ ва обёрӣ уҳдадор шуданд

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 13 май зимни баррасии лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бори дигар аз дастовардҳои начандон назарраси кишоварзони кишвар интиқод кард. «Соли гузашта дар ҳудуди 300 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шуда, ҳосили бадастомада наздики 800 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ҳамагӣ […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 13 май зимни баррасии лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бори дигар аз дастовардҳои начандон назарраси кишоварзони кишвар интиқод кард.

«Соли гузашта дар ҳудуди 300 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шуда, ҳосили бадастомада наздики 800 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ҳамагӣ ба нисфи талаботи ҷумҳурӣ баробар аст», – гуфт ӯ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки соли гузашта кишоварзон аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 28 сентнер зироати ғалладона ҳосил гирифта, барои комилан бо зироати ғалладона таъмин кардани ҷумҳурӣ, аз як гектар ҳадди ақал ба даст овардани 50 сентнер ҳосил зарур аст.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои имрӯз ба қонуни зикршуда қабулшуда, минбаъд дар Тоҷикистон ҳамаи хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ба иҷрои тадбиру меъёрҳои аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ муқарраршуда оид ба ғизодиҳӣ, шудгору кишт ва обёрии замин уҳдадор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи тухмипарварӣ» низ Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ин самтро

мавриди интиқоди шадид

қарор дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.