БАТР барои таҷдиди парки автобусҳои Хуҷанд 26 млн. $ ҷудо мекунад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 13 май Созишномаи кафолатноки соли гузашта баимзорасида миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро якдилона тасдиқ кард. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён қайд кард, ки баҳри амалисозии лоиҳа БАТР 26 млн. доллари ИМА […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 13 май Созишномаи кафолатноки соли гузашта баимзорасида миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро якдилона тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён қайд кард, ки баҳри амалисозии лоиҳа БАТР 26 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад, ки 8,6 млн. доллари он ба сифати грант аст.

Ғайр аз ин, дар доираи амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати кумаки техникӣ боз 840 ҳазор доллари ИМА низ ихтисос медиҳад.

Анҷоми лоиҳа ахири соли 2017 дар назар буда, дар доираи он харидории 100 адад автобусҳои муосир, азнавсозии ҳамаи истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд ва роҳандозии низоми фурӯши билетҳо ба мусофирон пешбинӣ шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки ин қарз бо ду қисмат ба Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» дода мешавад, ки ин корхона ба танзими  кори ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳр масъул аст.

Қайд шуда буд, ки қарз ба шаҳр имкон медиҳад, ки то 100 адад автобуси фаршашон паст харида, депои автобусҳоро таъмиру таҷдид намояд ва ҳамчунин таҷҳизоти нави таъмир насб намуда, низоми нави пардохти раҳкироро ҷорӣ созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.