Шаҳрванди Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷат дар Мурманск дармонд

Як шаҳрванди Тоҷикистон бидуни ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар шаҳри Мурмански Русия дармонда, муддати чандин моҳ аст, ки ба ватан баргашта наметавонад. Дар муроҷиатномаи интишоршуда ба ҳамватанон дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳамаи он касоне, ки зодаи шаҳри Конибодом Мамадов Аҳмад Ҳилоловичро мешиносанд, дархост кардаанд, ки аз худ дарак диҳанд. Қайд мешавад, ки шаҳрванди […]

ASIA-Plus



Як шаҳрванди Тоҷикистон бидуни ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар шаҳри Мурмански Русия дармонда, муддати чандин моҳ аст, ки ба ватан баргашта наметавонад.

Дар

муроҷиатномаи

интишоршуда ба ҳамватанон дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳамаи он касоне, ки зодаи шаҳри Конибодом Мамадов Аҳмад Ҳилоловичро мешиносанд, дархост кардаанд, ки аз худ дарак диҳанд.

Қайд мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан дар ғуломӣ қарор дошт, айни замон дар шуъбаи амрози дарунӣ (терапевтӣ)-и бемористони шаҳри Мурманск бистарӣ аст. Аз ғуломӣ ӯро ҳомиёни ҳуқуқ раҳо карда, акнун чандин моҳ аст, ки дар бемористонҳо қарор дорад.

«Тамоми шаҳри Мурманск аз ин қазия хабардор аст ва ба афроде, ки ӯро дар ғуломӣ нигоҳ медоштанд, аллакай мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғуланд», – таъкид мешавад дар муроҷиатнома.

Ҳомиёни ҳуқуқ баъзе аз тафсилоти шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор кардаанд. Ному насаби ӯ Мамадов Аҳмад Ҳилолович аст. Падараш – Ҳилол Набиев ва модараш Наргис Набиева буда, онҳо бо сурооғаи: вилояти Суғд, шаҳри Конибодом, кӯчаи Зелёная, хонаи 26 зиндагонӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ аз он дар тааҷҷубанд, ки консулгарии Тоҷикистон муддати як моҳ аст, ки дархост дар бораи ошкор намудани шахсияти Аҳмад Мамадов ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ӯро нодида мегирад.

«Ҳомиёни ҳуқуқи Мурманск ба пардохти маблағи раҳкиро ва ҳамроҳӣ кардани ӯ то шаҳри Санкт-Петербург ё Маскав омодаанд, то ки ӯро ба хонааш гусел намоянд. Айни замон ягона чизе, ки онҳо дархост доранд, тайёр кардани маълумотнома (справка) дар бораи бозгашти ӯ ба Ватан аст», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.