Имзои 6 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Кувайт

Нимаи дуюми рӯзи 15 май дар толори бузурги Девони Амири Давлати Кувайт мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрии самимию дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маҷмуи васеи […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 15 май дар толори бузурги Девони Амири Давлати Кувайт мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрии самимию дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маҷмуи васеи масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози музокироти дуҷониба изҳор дошт, ки: “Мақсад аз кӯшишҳои мо дар самти тақвияти минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, гузаштан ба марҳилаи нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт мебошад”.

Зимни суҳбати созанда ва дӯстонаи тарафҳо таъкид карда шуд, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олию баланд омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд.

Баргузории Машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳамасола баргузор шаванд.

Дар музокирот ҳамчунин доир ба рушду тавсеаи ҳамкории созанда дар соҳаҳои афзалиятнок, хусусан таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва ифрасохтор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ ва заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат низ табодули афкор сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби бештари сармояи Кувайт дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид намуд.

Тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои варзишу ҷавонон ва туризм, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаи иҷтимоии ду кишвар омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволу бародарии байни мардумони Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид.

Дар музокирот ҳамзамон дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти хосаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ шаш санад ба имзо расид: Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ; Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб;

Ёдрас мешавад, ки то имрӯз заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро 11 созишномаи ҳамкорӣ ташкил менамуд ва акнун он ба 17 адад расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.