Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон якчанд нафарро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир карданд.
Бино ба
иттилои
маркази матбуоти Агентӣ, Аъзамов Музаффар, Шарипов Фарҳод, Вайсов Муҳиддин ва Алиназаров Низомиддин 8 ҳазору 650 дона ҳаб (таблетка)-и маводи психотропии «экстази»-ро барои фурӯш аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе овардаанд.
Гуфта мешавад, арзиши як дона ҳаби мусодирашуда дар бозори сиёҳ 20 доллари ИМА ва арзиши умумии маводи нашъаовари мусодирашуда ҳудуди 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.





