Кафолати кишварҳои узви CASA-1000 ба бехатарии иншоот

Ҳамаи 4 кишвари узви лоиҳаи CASA-1000 таъмини амнияту бехатарӣ зимни сохтмон ва истифодаи иншоотро кафолат медиҳанд. Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, дар рафти сохтмон ва истифодаи шабака, амният масъалаи асосии лоиҳа  маҳсуб ёфта, он асосан бо минаҳо, саботаж ва дуздидани таҷҳизот алоқаманд мебошад. «Тамоми ҳукуматҳои давлатҳо барои таъмини амнияти зарурии кормандони паймонкор ва молҳои он […]

ASIA-Plus



Ҳамаи 4 кишвари узви лоиҳаи CASA-1000 таъмини амнияту бехатарӣ зимни сохтмон ва истифодаи иншоотро кафолат медиҳанд.

Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, дар рафти сохтмон ва истифодаи шабака, амният масъалаи асосии лоиҳа  маҳсуб ёфта, он асосан бо минаҳо, саботаж ва дуздидани таҷҳизот алоқаманд мебошад.

«Тамоми ҳукуматҳои давлатҳо барои таъмини амнияти зарурии кормандони паймонкор ва молҳои он ба мувофиқа омадаанд. Ҳар як давлат Нақшаи идоракунии хавфҳоро барои марҳилаи сохтмон ва истифодабарии хати интиқоли барқ дар ҳудудҳои дахлдор омода намудааст.  Пардохт намудани маблағ барои тамоми корҳои алоқаманд бо минаҳо ё ягон чораи иловагии амниятии  паймонкор  пешбинӣ  шудааст», – омадааст дар маълумот.

Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Барномаҳои  дастгирии  ҷомеаҳои  маҳаллӣ  барои  аҳолие,  ки  дар наздикии  масири  хати  интиқоли  нерӯи  барқи  лоиҳаи  CASA-1000 зиндагӣ  мекунад,  онҳоро  ба  нигоҳдории амният дар фаъолияти ХИБ  ҳавасманд мекунанд. «Дар сурати расонидани зарар  ба хати нерӯи барқ, чораҳо ҷиҳати маҳдуд намудани қатъи он андешида шудаанд», – таъкид мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки корҳои бевоситаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000 расман рӯзи 12 май дар шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви лоиҳа баргузор шуданд

Қобили зикр аст, ки аз 7 ташкилоти маблағгузори лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ низ ба амалисозии ин тарҳ сармоягузор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.