Ҳаракати нақлиёт бо роҳи Душанбе-Хоруғ барқарор шуд

Дар натиҷаи боришоти шадиди шаби 11 ба 12-уми май ва ярч дар километри 291-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма – Қароқурум (мавзеи Гулдара)-и ҳудуди ноҳияи Дарвоз як қисмати роҳ комилан вайрон гардида , ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт тавассуи ин шоҳроҳ  қатъ гардида буд. Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оиди бартараф […]

Иттилоияи расмӣ



Дар натиҷаи боришоти шадиди шаби 11 ба 12-уми май ва ярч дар километри 291-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма – Қароқурум (мавзеи Гулдара)-и ҳудуди ноҳияи Дарвоз

як қисмати роҳ комилан вайрон гардида

, ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт тавассуи ин шоҳроҳ  қатъ гардида буд.

Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оиди бартараф кардани оқибати офати табиӣ дар ҳайати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикисон Шералӣ  дар фурсаи кӯтоҳтарин ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҷалби тамоми сохтору идораҳои  роҳсозӣ ба кор шурӯъ намуданд. Таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ширкатҳои роҳсозии Чину Эрон, ки дар бунёди қисмати роҳи Шӯрообод-Шоҳон фаъолият доранд, ба барқарор намудани қитъаи вайронгардида  ҷалб карда шуданд.

Аз ҷониби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комиссияи вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Нуралӣ Риоев дар ҳайати раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Сайидбурҳони Саидраҳмон, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят Дусталӣ Худоёров, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои авомобилгарди вилоят Муҳаммадҷон Ширинҷонов ва дигар сохторҳои марбути ноҳиявӣ дар ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, бо ҷалби техникаи пуриқтидори роҳсозӣ барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибати офати табиӣ ба кор шурӯъ карданд.

Бартарафкуни оқибати офати табиӣ зери назорати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон сурат гирифта, хушбахтона, бо ҷаҳду талоши роҳсозони ватанӣ ва ҷалби ширкатҳои роҳсозии эронию чинӣ роҳ дар ин мавзеъ соати 22:00 шаби 13 ба 14-уми май кушода шуда, аввалин мошинҳо тавассути он ҳам ба шаҳри Душанбе ва ҳам ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат намуданд. Айни замон ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути ин мавзеъ таъмин таъмин аст. Корҳои барқарорсозӣ дар ин қитъаи роҳ бомаром идома дошта,  роҳсозон кӯшиш бар он доранд, то дар кӯтоҳтарин фурсат онро  ба меъёри байналмиллалии роҳсозӣ мутобиқ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.